Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти Президент бо президенти КБО ва президенти ШОО

15.06.2015

: 313

Имрӯз - 15 июн - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, арзи сипос намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд.
Доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикситон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки таъкид гардид, дар марҳилаи аввал сохтмони 5 адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мувофиқи матлаб аст.
Томас Бах ва Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани стипендияҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кӯмак дароз хоҳанд кард.
Изҳори бовар карда шуд, ки варзишгарони тоҷик оянда дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию минтақавӣ ба натиҷаҳои бештару бештар ноил мегарданд.