Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии навбатии “Истиқлол” дар меҳмонӣ

Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии навбатии “Истиқлол” дар меҳмонӣ Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии навбатии “Истиқлол” дар меҳмонӣ

02.05.2018

: 1342

Қаҳрамони Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанбе шоми дирӯз – 1 май - дар меҳмонӣ дастаи “Аҳал”-и Туркманистонро мағлуб кард.

Бозӣ дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи “D” бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 52-юм зад.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 бозӣ “Истиқлол” мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ мустаҳкам кард. Агар имрӯз – 2 май дастаи “Олтин Асир”-и Туркманистон дар бозӣ муқобили “Алай”-и Қирғизистон ба бохт мувоҷеҳ шавад, пас “Истиқлол” қабл аз муҳлат ба даври дигар роҳхат мегирад. Дар сурати пирӯзии “Олтин Асир” ғолиби гурӯҳ 16 май дар даври ниҳоии гурӯҳ 16 май маълум мешавад. “Истиқлол” дар даври шашум бо “Олтин Асир” вомехӯрад.