Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон

Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон

20.04.2018

: 1393

Дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Пойтахт – тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон” баргузор шуд.

Дар ҷаласа муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, муовини вазири маориф Усмонзода Фатҳиддин, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Сайфулло Сафаров, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва масъулини соҳаи варзиш иштирок карданд.
Конфронсро Абдуллозода Аҳтам кушода, баъд аз шодбошии ҳозирин ба муносибати Рӯзи пойтахт дар мавзӯи «Пойтахт - тараннумгари музаффариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон» маърӯза кард. Гуфта шуд, ки Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намуданд, «Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст». Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ - Пешвои миллат, ҳамчун рамзи саодату осудагӣ ва сипари боэтимоди Ватан ба фардои дурахшону пешрафтаи Тоҷикистони биҳиштосо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе нафақат пойтахти Тоҷикистон, балки маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эъҷодиву иттилоотӣ ва нерӯи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини аёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ба ҳисоб меравад.
- Мову Шумо ҳамарӯза бо чашми сар дида истодаем, ки пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе макони зархезу ҳамешасабз ва дилорову рангин, чи қадар зебову биҳиштосо гардида истодааст, ки аз ҳама бештар ба ҳаёту рӯзгори ҷавонон ва варзишгарони саодатманди Тоҷикистон, ки он хонаи умеди тамоми сокинони кишвар ба ҳисоб меравад, табдил ёфта, дар ин замина насли ҷавону худогоҳи даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар хурсандӣ ва пирӯзиву нумӯи он яктану якмаром мебошад, - зикр кард Абдуллозода А. - Дар ин росто, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон ва варзишгарон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва баланд бардоштани мавқеи устуворашон дар соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти Тоҷикистони азиз, махсусан қабли он шаҳри Душанбе ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ҷавону умедбахши шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ силсила тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
Таъкид шуд, ки зери ҳамовозии якдилонаи ҷавонон ва варзишгарони ҳар як гӯшаву канори мамлакат, баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои шоёни муҳтарам Рустами Эмомалӣ, омодагии хешро барои бори нахуст таҷили намудани Рӯзи пойтахт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо баргузории зиёда аз 500 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву солимгардонӣ таҳти унвони «Пойтахт - тараннумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон» изҳор намуданд.
Бо дарназардошти ин ташаббуси меҳанпарварона, содиқона ва саривақтии ҷавонон ва варзишгарони мамлакат минбаъд, ҳар сол Рӯзи пойтахт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ самимона ҷашн гирифта мешавад.
Дар конфронс Раҳимзода Толиб дар мавзӯи “Душанбе - хонаи умеди тоҷикони дунё”, Усмонзода Фатҳиддин дар мавзӯи “Нақши пойтахт дар рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сайфулло Сафаров дар мавзӯи “Шаҳри Душанбе - оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон”, Ато Мирхоҷа дар мавзӯи “Пойтахт - машъали фурӯзони шоирону нависандагон” ва Абдуллозода Муҳаммадшо дар мавзӯи “Пойтахт ва рушди ҳаракати олимпӣ” маърӯза карданд.
Раҳимзода Толиб аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳозиринро бо Рӯзи пойтахт таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки раиси ҷавони пойтахт, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба варзишу варзишгарон таваҷҷуҳи хоса дорад ва маҳз бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси раиси шаҳри Душанбе соли 2017 дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон 75 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд ва сохтмони беш аз 90 майдончаи дигари варзишӣ дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.
Дар конфронс қайд гардид, ки барои машқу тамрин ва солимгардонии наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳри Душанбе 654 иншооти варзишии сатҳи гуногун хизмат мерасонад ва шумораи онҳо сол то сол афзуда истодааст.
Абдуллозода Муҳаммадшо зимни маърӯзааш иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ташаббускори бисёр чорабиниву тадбирҳо мебошад. Хусусан Рӯзи дави миллӣ, ки имрӯз баргузории он дар тамоми ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст, бо ташаббуси Сарвари давлат бори аввал соли 2005 дар шаҳри Душанбе доир гардид. Шаҳри Душанбе мизбони бисёр мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аст. Соли 2003 бо вуҷуди мушкилоти сиёсию иқтисодӣ дар пойтахти кишвар бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ба хотири рушди ҳаракати олимпӣ Бозиҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Соли 2015 Душанбе мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо ИТФ ва соли 2016 мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён буд. Ҳамчунин, бисёр мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ оид ба футбол дар Душанбе баргузор мегарданд. Ҳар сол бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад, ки ин мусобиқа ба рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид шудааст. Ғолибони мусобиқа бо мукофотпулии арзанда аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе сазовор мегарданд, ки ин ташаббус дар баробари оммавияти варзиш, сабаби муаррифии давлати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.
Қайд гардид, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 8 варзишгоҳ, 138 толори варзишӣ, 4 толори теннисбозӣ, 1 толори калони теннисбозӣ бо 2200 ҷойи нишаст, 79 майдончаҳои футболбозӣ, 5 машқгоҳи тирандозӣ, 158 муҷтамаи варзишӣ ва 1 маҷмуаи қайиқронӣ мавҷуданд, ки дар рушди варзиш саҳми муносиб мегузоранд.
Хурсандиовар аст, ки ҳоло дар пойтахт сохтмони Маҷмааи универсиалии варзишӣ ҷараён дорад. Чанд рӯз пеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони ин иншооти бузурги варзишӣ шинос шуданд. Маҷмаа аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд гардида, барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба намудҳои бозиҳои болои ях, шиноварӣ, теннис пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёди як маҷмааи бузурги варзишӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар назар аст.
Пас аз конфронс иштирокчиён аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастовардҳои варзишгарони кишвар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 26 соли соҳибистиқлолӣ шинос шуданд.