18.04.2018
: 1428
25 апрели соли равон дар Боғи “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ММИҲД дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” баргузор мешавад.
Чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” аз соли 2006 таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати сокинони кишварҳои қора оид ба аҳамияти Бозиҳои Осиё, оммавияти варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои умумибашарии Ҳаракати олимпӣ қабл аз Бозиҳои Осиё таҳти шиори “Нерӯи Осиё” роҳандозӣ мегардад.
Шӯрои олимпии Осиё баргузории чорабинии мазкурро дар қаламрави 45 кишвари Осиё ба нақша гирифтааст, ки дар меҳвари аслии он таблиғу ташвиқи 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия қарор мегирад.
Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат кард ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла 4 медали тиллои бозиҳоро ба даст овардааст.
Дар чорабинӣ иштироки намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 дар назар аст.