Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ниммарафони 9-уми байналмилалии Душанбе доир мегардад

17.04.2018

: 393

21 апрели соли равон ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин робита қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. Тавре дар қарор омадааст, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта дар масофаи 21 километр доир мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ниммарафони Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.
Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардидааст. Варзишгарони 6 ҷои аввал миёни мардону бонувон тариқи зайл мукофотонида мешаванд:
Ҷои 1: 31150 сомонӣ
Ҷои 2: 26700 сомонӣ
Ҷои 3: 22250 сомонӣ
Ҷои 4: 17800 сомонӣ
Ҷои 5: 16020 сомонӣ
Ҷои 6: 13350 сомонӣ