Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” “Хуҷанд”-ро мағлуб карда, ба ҷои аввал баромад

16.04.2018

: 308

Дар бозии марказии даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар садри ҷадвали мусобиқа нишаст.

Голи ягонаро Дилшод Восиев дар дақиқаи 77-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар тими “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин пирӯзии дастаи шаҳри Турсунзода дар чемпионати имсола мебошад. Голҳои “Регар”-ро Саидхони Амрохон, Акбар Бобомуродов ва Нуъмон Зокиров заданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Куктош” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи ҳимоятгари “Хатлон” Наим Иброҳимзода легионери ганагии “Куктош” Идана Окрана бо гол ҷавоб дод.
Як бозии дигари даври панҷум 18 апрел сурат мегирад. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Барқчӣ” дастаи КМВА “Помир”-ро қабул мекунад.