Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таеквондо: варзишгарони ҷавони тоҷик бе роҳхати олимпӣ монданд

09.04.2018

: 483

Таеквондочиёни ҷавони кишвар дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ оид ба таеквондо ба Олимпиадаи наврасон – Буэнос Айрес-2018 натавонистанд роҳхат ба даст оваранд.

Мусобиқа 6-7 апрел дар шаҳри Ҳаммамети Тунис бо иштироки 438 варзишгари соли таваллудашон 2001 ва 2002 аз 111 кишвар доир гашт. Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар иштирок карданд: Ширинмоҳ Миршакарзода (вазни -49 кг) миёни бонувон, Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-73 кг), Амал Ибрагимов (-55 кг) ва Рамазон Мирзоев (-63 кг) миёни писарон.
Тибқи натиҷагирии мусобиқа 80 варзишгар роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон-2018-ро ба даст оварданд. Ягон варзишгари мо дар 8-гонаи аввал, ки имкони ба даст овардани роҳхат доштанд, мавқеъ нагирифтанд. Акнун умед ба баррасии дубораи натиҷаи мусобиқа мебандем, зеро тибқи низомномаи Бозиҳои олимпии наврасон аз ҳар кишвар дар ҳамаи 10 вазн миёни писарон ва бонувон фақат 6 варзишгар (3 писар, 3 духтар) ҳуқуқи иштирок дар олимпиадаро доранд.
Дирӯз 8 апрел дар Ҳаммамет чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни ҷавонон шурӯъ шуд, ки то 13 апрел идома меёбад. Варзишгарони мо дар ин мусобиқа низ иштирок мменамоянд.