Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид Бозиҳои варзишии Тоҷикистон кушода эълон гардид

06.04.2018

: 484

Имрӯз - 6 апрел дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 баргузор гардид.

Ба иттилои “javonon.tj”, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳамаи варзишгарон, мураббиёну доварон ва дӯсторони варзиши кишварро бо кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 табрику таҳният гуфт.
- Бозиҳоии варзишии Тоҷикистон, дар чор сол як маротиба – ду сол қабл аз Бозиҳои олимпӣ - баргузор мешавад, - гуфт А. Абдуллозода. - Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар варзиш рушд карда истодааст, мактабҳои нави варзишӣ таъсис ёфта истодаанд ва шумораи варзишгарон зиёд мегардад. Соли 2017 танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ сохта шуд ва то моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода додани зиёда аз 90 майдончаи варзишии дигар дар пойтахти кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Аҳтам Абдуллозода Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018-ро дар фазои мутантан расман кушода эълон намуд.
Дар маросим варзишгарони тоҷик намудҳои гуногуни варзишро, ки ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 ворид гардидаанд, намоиш доданд.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 аз рӯи 11 намуд доир мешавад: гӯштини миллӣ (7-8 апрел дар ноҳияи Рашт), гӯштини юнонӣ-римӣ (28-29 апрел дар шаҳри Кӯлоб), самбо (21-22 апрел дар Суғд), дзюдо (5-6 май дар Суғд), гуштини озод (14-15 апрел дар Душанбе), таеквондо WT (5-6 май дар Турсунзода), баскетбол (13-17 апрел миёни мардон дар Истаравшан, 21-25 апрел миёни бонувон дар Душанбе), волейбол (21-25 апрел миёни мардон дар Қурғонтеппа, 28 апрел-2 май миёни бонувон дар Суғд), варзиши сабук (28-29 апрел дар Душанбе), бокс (7-11 апрел дар Ашт) ва вазнабардорӣ (5-6 май дар Кӯлоб).