Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хуҷанд” дар ҷадвали чемпионат ҷояшро тағйир надод

“Хуҷанд” дар ҷадвали чемпионат ҷояшро тағйир надод “Хуҷанд” дар ҷадвали чемпионат ҷояшро тағйир надод “Хуҷанд” дар ҷадвали чемпионат ҷояшро тағйир надод

02.04.2018

: 376

Баъд аз танаффуси дуҳафтаина бозиҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.

31 март ду бозӣ доир гашт. Дастаи Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) “Помир” ин бор ҳам таъми ғалабаро начашид. Артишиҳо сеюм дидорашонро ҳам мусовӣ карданд – 0:0. Шогирдони Тоҳир Муъминов ин навбат бо дастаи нави Лигаи олӣ “Куктош” рӯбарӯ шуданд. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ дар се бозӣ 5 хол ба даст оварда дар қисмати болои ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар аввалин ғалабаашро дар мавсими нав ба қайд гирифт. Тими Бохтар дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб “Панҷшер”-ро қабул карда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 65 Наврӯз Рустамов зад.
Дар бозии дигар тими “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар дастаи “Барқчӣ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 69 Хуршед Бекназаров вориди дарвозаи рақиб кард.
Дар бозии охири давр дастаи “Истиқлол” дар майдони худ тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар дақиқаи 15 Шериддин Бобоев аз тими Душанбе ҳисобро кушод, бо гузашти 18 дақиқа ҳамдастааш Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро афзуд. Голи дастаи Турсунзодаро Хайрулло Азизов дар дақиқаи 69 ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии се давр “Хуҷанд” бо 7 хол дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад. “Истиқлол”, ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо 6 хол дар мақоми дуюм аст. Ҷои сеюмро “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 5 хол муаррифӣ мекунад.
Бозиҳои даври чорум 4, 7 ва 8 апрел ба нақша гирифта шудааст. 4 апрел “Куктош” бо “Истиқлол” вомехӯранд. 7 апрел “Панҷшер” “Барқчӣ”-ро қабул мекунад, 8 апрел “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАЗ” ва КМВА “Помир” бо “Хатлон” вориди майдон мешаванд.