Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Орзуи якҷоя” – таҳсил дар Донишгоҳи Сеул

12.03.2018

: 182

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар доираи Барномаи таҳсили магистратура дар Донишгоҳи миллии шаҳри Сеул таҳти номи “Орзуи якҷоя” доваталабонро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват менамояд.

Ассотсиатсия дар робита ба ин бо Шуъбаи байналмилалии варзиши Донишгоҳи миллии Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) оид ба дарёфти истеъдодҳо созишномаи дахлдор ба имзо расонидааст ва ҳар сол 8 нафарро ба таҳсил фаро мегирад. Барнома дар давраи таҳсили солҳои 2018-2020 амалӣ мегардад.
Барномаи мазкур охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфта, моҳи июни соли 2020 ба анҷом мерасад. Иштирокчиён ба муддати 17 моҳ давраи таҳсили худро дар кишвари Корея гузаронида, шаш моҳи охири онро мустақилона дар кишвари худ сипарӣ менамоянд.
Довталабоне, ки хатмкардаи донишгоҳу донишкадаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳастанду забони англисиро дар сатҳи баланди муошират медонанд, ба унвонии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Тибқи талаботи созишнома АКМО аз миёни номзадон танҳо 8 нафар довталаби арзандаро интихоб намуда, сипас ба таҳсил сафарбар менамояд. Довталабон имкон доранд то 15-уми марти соли 2018 ҳуҷҷатҳояшонро ба суроғаи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ирсол намоянд.