27.02.2018
: 1783
Дар клуби футболи “Хуҷанд” сармураббӣ ва директор иваз шуданд. Ба ҷои Рустам Хоҷаев дар вазифаи сармураббии даста Нуъмонҷон Юсуфов таъин шуда, Муродҷон Умаров директори клуб таъин гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки тими футболи “Хуҷанд” дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 аз тими “Аҳал”-и Туркманистон шикаст хӯрд. Рустам Хоҷаев, ки зери роҳбарии ӯ “Хуҷанд” соли гузашта медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд, бо сабаби нишон додани бозии ғайриқаноатбахш дар Ҷоми КФО-2018 аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳамчунин, директори клуб Шавкат Иброҳимов, ки аз моҳи июли соли 2016 фаъолият дошт, ба истеъфо фиристода шуд.
Сармураббӣ Нуъмонҷон Юсуфов ва директори нави клуби футболи “Хуҷанд” Муродҷон Умаровро дар толори конфронси Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода муаррифӣ карда, ба онҳо муваффақият хост.
Нуъмонҷон Юсуфов дар клуби футболи “Хуҷанд” таҷрибаи корӣ дорад. Аз январи соли 2014 то августи соли 2016 ӯ клуби футболи соҳили Сирдарёро роҳбарӣ ва соли 2015 медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
“Хуҷанд” зери роҳбарии сармураббии нав бозии аввалашро 2 март доир мекунад. Дар ин рӯз даста бо қаҳрамони футболи Тоҷикистон – тими “Истиқлол”-и Душанбе барои Абарҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 оғоз мегардад.