Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд

Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд

26.02.2018

: 2331

22 феврали соли равон дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон (тарзи озод, юнони-румӣ, гӯштини тоторӣ) баргузор ва Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон раиси федератсия интихоб шуд.

Дар кори ҷаласа вакилон, ҳамчунин, меҳмонон – Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аризаи истеъфои раиси федератсия Ҳукматуллоев Музаффар баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки номбурда директории Мактаби маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гуштинро бар дӯш дорад ва бо сабаби серкорӣ наметавонад федератсияро низ ба роҳбарӣ гирад. Вакилон истеъфои Ҳукматуллоев Музаффарро тибқи овоздиҳӣ қабул карданд. Дар баробари ин, ҳайати роҳбарии федератсия – муовин ва котиби генералӣ - низ истеъфо доданд.
Сипас, бо овоздиҳии вакилон Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан” барои то соли 2022 раиси Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб гардид. Мавсуф зимни суханронӣ барои боварӣ ба вакилони ҷаласа изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. “Боиси фараҳмандист, ки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса ва роҳбарии Кумитаи миллии олимпиро бар зимма доранд. Соҳаи варзиш, хусусан намудҳои гуштин дар кишвари мо сол то сол рушд мекунад, вале мо бояд қаноатманд нашуда, бештар кор кунем”, - афзуд Комил Ҷумъахон.
Қарор шуд, ки муовин ва котиби генералии федератсия дар ҷаласаи навбатӣ интихоб хоҳанд шуд.
Абдуллозода Аҳтам зимни суханронӣ ба Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият муваффақият хоста, иброз дошт, ки барои беҳбудии кор Кумитаи миллии олимпӣ то ҳадди имкон ба федератсияи кӯмак мекунад.