Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

425 медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2017

12.02.2018

: 121

Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Қайд гардид, ки мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 9144 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба ҳолати моҳи январи соли 2018 ба қайдгирифта шудааст, ки аз ин шумора 120 варзишгоҳ, 6463 майдончаи варзишӣ, 1681 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 792 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳо ташкил медиҳад.
Соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 296 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 5 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ, 259 майдончаи варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маркази фитнес бо харҷи зиёда аз 174688950 (яксаду ҳафтоду чор миллиону шашсаду ҳаштоду ҳашт ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар ҷумҳурӣ 134 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 90 муассисаи (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактаби варзишии тобеъ ба Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳосилот» фаъолият доранд.
Дар 3165 гурӯҳи мактабҳои варзишӣ 31349 наврасу ҷавон ба такмрин фаро гирифта шудаанд.
Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ бо маблағгузории Кумита дар ҳаҷми 988 818 сомонӣ 305 нафар варзишгар (26 нафарашон бонувон) ба 42 чорабинии варзишӣ сафарбар гардиданд. Аз ҷониби муассисаҳои варзишии тобеи Кумита ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 105 нафар варзишгар бо харҷи 587 274 сомонӣ ва аз ҳисобу буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар 1 081 468 сомонӣ ҷудо карда шуда, барои сафарбаркунонии 478 варзишгар равона гардиданд. Харҷи умумии маблағҳо барои сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2017 2656560 сомониро ташкил дод.
Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани варзишгарони дастаи мунтахаби кишвар аз ҳисоби Кумита 189 нафар варзишгар бо харҷи 187 320 сомонӣ ба машқҳои дастаҷамъонаи таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаро гирифта шуданд.
Дар натиҷа варзишгарон ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 425 медал (121 тилло, 116 нуқра ва 188 биринҷӣ) ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177 медал зиёд мебошад.
Бо мақсади эҳё ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш дар се марҳила (ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) баргузор карда шуд. Дар марҳилаҳои якум ва дуюми Фестивал 26991 нафар варзишгар ва 652355 нафар тамошобинону дӯстдорони бозиҳои миллии варзиш иштирок доштанд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 500 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои чавгонбозӣ, шиноварӣ, сангбардорӣ, бандкашӣ, шоҳмот, варзиши сабук, дастхобонӣ ва мусобиқаи бошукуҳи миллӣ – гӯштингирӣ баргузор гардид, ки зиёда аз 15 ҳазор мухлису ҳаводори варзишро ҷалбу хушҳол гардонид.
Имсол дар рӯзи Дави миллӣ 426931 нафар шаҳрвандон (132000 нафар бонувон) иштирок намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30073 нафар зиёд мебошад.
Бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри оммавигардонии варзиши велосипедронӣ дар кишвар бори нахуст дар шаҳри Душанбе Марафони велосипедронӣ доир гардид, ки дар он 1143 нафар варзишгару дӯстдорони ин намуди варзиш (60 нафар бонувон) ширкат доштанд. Марафони велосипедронӣ дар саросари кишвар низ бо ҷалби 6451 нафар шаҳрвандон (681 нафар бонувон) баргузор карда шуд.
Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, миёни аҳолии кишвар маҳбубияти хосаро касб намудааст. Кумита дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» барои тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои футболбозӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти варзишии соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав, рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии касбияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш чораҳои амалӣ меандешад.
Дастаҳои мунтахаб ва клубҳои футболи Тоҷикистон соли ҷорӣ дар як қатор бозиҳои байналмилалии рафиқона ва интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба чемпионатҳои Осиё – U-16 ва U-19, Ҷоми Конфедератсияи Осиё, Чемпионати Осиё-2019, инчунин дастаи мунтахаби бонувони кишвар ва наврасони то 15-сола дар Ҷоми Осиё иштирок намуданд.    
Боиси сарфарозист, ки дар шаҳри Ҳисор бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эйр Форс»-и давлати Ироқ барпо гардид ва дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дастаи «Истиқлол» мақоми дуюмро сазовор шуд.
Соли 2017 бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон шабакаи телевизионии «Футбол» ба фаъолият оғоз намуд, ки инъикоси васеи футболро дар кишвар таъмин намуда, ҳаводорони варзишро хушҳол кард.