Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

7 голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Корея

06.02.2018

: 103

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ чемпионати Осиё-2018-ро дар Тайпейи Чин ба анҷом расонд. Дар бозии даври сеюм ва охирини гурӯҳи “В” футболбозони мо ба дарвозаи дастаи футболи толории Кореяи Ҷанубӣ 7 голи беҷавоб заданд.

Голҳоро шавкат Ҳалимов, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Рустам Ҳомидов, Иқбол Воситзода ва Умед Кузиев заданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи Ҷопон бар тими Узбекистон бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, ҷои аввали гурӯҳро ишғол намуд. Узбекистон бо 6 хол дар мақоми дуюм қарор гирифт. Ҳар ду даста аз гурӯҳи “В” ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфтанд. Тоҷикистон бо 3 хол дар ҷои сеюм ва Кореяи Ҷанубӣ бе хол дар ҷои чорум қарор гирифтанд.
Аз гурӯҳи “А” дастаҳои футболи толории Ветнам ва Баҳрайн ба даври дигар баромаданд. 4 иштирокчии дигари даври чорякфинал имрӯз – 6 феврал баъд бозиҳои гурӯҳҳои “С” ва “D” муайян мешавад.