Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғалабаи КМВА “Помир”, “Барқчӣ” ва “Маҳаллаи 83” дар оғози Ҷоми ФФТ

Ғалабаи КМВА “Помир”, “Барқчӣ” ва “Маҳаллаи 83” дар оғози Ҷоми ФФТ Ғалабаи КМВА “Помир”, “Барқчӣ” ва “Маҳаллаи 83” дар оғози Ҷоми ФФТ

23.01.2018

: 594

Дирӯз – 22 январ – марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе оғоз гардид. Дар рӯзи аввал 3 бозӣ баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон хабар додааст, мусобиқа бо бозиҳои гурӯҳи “Б” оғоз шуд. Ғолиби лигаи аввали соли 2017 – дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки имсол дар лигаи олӣ бозӣ хоҳад кард, аз дастаи “Маҳаллаи 83” мағлуб шуд – 0:1. Голи ягонаро Руслан Тиллоев дар дақиқаи 80 вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА “Помир” доир гашт. Ғолиби феълии Ҷоми ФФТ – “Истиқлол” дар дақиқаи 8-уми вохӯрӣ ҳисобро кушод. Ҳимоятгари ин даста Сиёвуш Асроров зарбаи ҷаримавиро бо гол анҷом дод. Дар дақиқаи 30-юм артишиҳо ҳисобро баробар карданд. Ҳамлагар Абдухалил Боронов дарвозабони тими Душанберо маҷбур сохт, то тӯбро аз дохили дарвоза гирад. Футболбозони КМВА “Помир” дар қисми дуюм боз як гол заданд. Дар дақиқаи 58-ум Муҳсин Абдуғаффоров дастаашро ба пеш баровард – 2:1.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор ба дарвозаи тими “Локомотив-Помир” 4 голи беҷавоб зад. Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Ваҳдат” – “Регар-ТадАЗ” имрӯз – 23 январ баргузор мешавад.