Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Хуҷанд Фестивали лигаи футболи маҳаллӣ доир гашт

Дар Хуҷанд Фестивали лигаи футболи маҳаллӣ доир гашт Дар Хуҷанд Фестивали лигаи футболи маҳаллӣ доир гашт Дар Хуҷанд Фестивали лигаи футболи маҳаллӣ доир гашт

15.01.2018

: 601

Дар майдони мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд фестивали кушодашавии лигаи футболи маҳаллӣ “Футбол ба назди Шумо меояд” дар минтақаи Суғд баргузор шуд.

Директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ба сомонаи расмии ФФТ гуфтааст, лигаи футболи маҳаллӣ “Футбол ба назди шумо меояд” имсол миёни кӯдакони аз 6 то 12-сола дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ - баргузор мешавад.

Марҳилаи муқаддамотӣ моҳҳои январ-март дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, марҳилаи ниҳоӣ бошад, дар маркази вилоятҳо доир хоҳад шуд.

Ба барномаи футболи маҳаллӣ “Футбол ба назди шумо меояд” дар минтақаи Суғд шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон ва Конибодом фаро гирифта мешаванд.

Дар фестивали шаҳри Хуҷанд футболбозони клуби “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов, Соҳибҷон Ҳакимов, Хуршед Бекназаров, Эҳсон Бобоев ва сармураббии тими “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев барои кӯдакон мастер-класс гузарониданд. Дар охир дастаи маҳаллӣ дар ҳайати 25 кӯдак муқобили футболбозони дастаи “Хуҷанд” бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз гаштанд.