До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 23.04.2014 Варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё дар Непал 56 медал гирифтаанд

23.04.2014 Варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё дар Непал 56 медал гирифтаанд

Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-иТоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонииОсиёдарКатмандуи Непалто имрӯз, 23-юми апрел, соҳиби56медал (30 тилло,16нуқра ва 10 биринҷӣ) гардидааст.

Дар ин бораМирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-доИТФ ва кикбоксингиТоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд,«дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон рӯзи якшанбеи 20-уми апрел шурӯъ шуда буд,варзишгарони20кишвар ширкат доранд. Шарафи Тоҷикистонро 43 варзишгар ҳимоя мекунанд, ки аз онҳо 11 нафарашон бузургсолон ва 32 нафарашон наврасон мебошанд. »

Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев дар се рӯзи мусобиқа варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон се медали тилло ба даст оварданд.Алишер Аҳмадов ва Парвиз Муродзодаоид ба машқҳои маҷмӯӣ байни бузургсолон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Медали севуми тиллои Тоҷикистонро дар сабқати бузургсолон мунтахаби мардонаи кишвар дар машқҳои маҷмӯӣ соҳиб шуд.

Медалҳои дигарро варзишгарони навраси тоҷик ба даст оварданд. Дарвоқеъ, мусобиқаи наврасон дар ду гурӯҳ – байни 14-15 ва 16-17-солаҳо - ҷараён дорад.

Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Непал шоми имрӯз, 23-юми апрел, ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев, ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки аз 6-ум то 11-уми августи соли равон барои аввалин бор дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, барпо мегардад.

скачать dle 10.2 КиноСвин