До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 25.04.2014 Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт-90

25.04.2014 Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт-90

Рӯзҳои 26-27-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми Пойтахт-90 баргузор мешавад.

Мусобиқаи имсола ба ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон эълон шудани Душанбе бахшида шудааст. Ташкилкунандаи мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии "Қасри тенннис”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Раҳбари ин корхонаТоҷиддин Тағоеврӯзи 25-уми апрел ба сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт,"дар ин мусобиқа, ки байни мардонону занон барпо мегардад, ҳудуди 50 нафар дӯстдорони теннис теннис - намояндагони корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок иштирок мекунанд. Маросими кушоиши мусобиқа 26-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе соати 11 баргузор мешавад.Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ сурат мегирад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Қасри теннис”-и Душанбе сарфароз мешаванд. Инчунин сарпарасти мусобиқа – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Муҳаммад А” - барои ғолиб ва ҷойҳои дувуму севум, инчунин ширкаткунандагони фаъоли мусобиқа тӯҳфаҳо тақдим мекунад.

скачать dle 10.2 КиноСвин