До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 29.04.2014 Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро эълон кард

29.04.2014 Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро эълон кард

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигарони дастаро, ки ба бозии дӯстона бо мунтахаби Афғонистон даъват шудаанд, эълон кард.

 

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббӣМӯҳсин Муҳаммадиевба ҳайати дастаи мунтахаб 23 футболбозро даъват кардааст. Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбе , 4-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад.


Омодагиро ба ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи чоршанбе, 30-юми апрел, шурӯъ мекунад. Аз легионерҳо танҳо ҳамлагари «АЗАЛ»-и ОзарбойҷонАҳтам Ҳамроқуловдаъват шудааст.

 

Ҳимоятгари «Газовик» (Оренбург, Русия)Фарҳод Восиевва бозигари «Габала»-и ОзарбойҷонДавронҷон Эргашевба мунтахаби Тоҷикистон кӯмак карда наметавонанд, зеро ки бошгоҳҳои футболи онҳо дар ин маврид бозиҳои худро дар мусобиқоти лигаи аввали Русия ва қаҳрамонии Озарбойҷон анҷом медиҳанд.

Баҷузин,дубозигаритимимунтахаб–ҳимоятгарАҳтамНазаровванимҳимоятгарХуршедМаҳмудов(ҳардуаз«Истиқлол»-иДушанбе) –дарҳайатимунтахабимиллиифутзалиТоҷикистондармусобиқаиқаҳрамонииОсиё-2014,киаз30-юмиапрелто10-умимайдарВетнамбаргузормешавад,ширкатмекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо:Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон:Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).

Нимҳимоятгарон:Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷурабоев («Хайр»), Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳамлагарон:Аҳтам Ҳамроқулов («АЗАЛ», Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Бозиибайналмилалиидӯстонаидастаҳои мунтахаби миллии футболиТоҷикистонуАфғонистонроҳакамон аз Қазоқистон доварӣмекунанд.

ДовариFIFAАлександр Алиеви27-сола аз шаҳриАлмаатои Қазоқистонсардовари ин бозӣтаъин шудааст. БаӯёваронидовариFIFAСергей Васютини 27-солаваСамадТергеусизови28-сола(ҳардуазАлмаато)баҳайсидоваронимарзимайдонкӯмакхоҳандкард.


 

скачать dle 10.2 КиноСвин