До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Бозии Тоҷикистон – Яман мусовӣ шуд

Бозии Тоҷикистон – Яман мусовӣ шуд

Бозии даври 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Яман мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Вохӯрӣ 14 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт.

Бозии Тоҷикистон – Яман мусовӣ шуд

Дар бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Непал ва Филиппин низ ғолиб муайян нашуд – 0:0.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр дар гурӯҳи «F» тими мунтахаби Филиппин бо 9 хол дар ҷои аввал аст. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон, ки 7-холӣ доранд, мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол кардаанд. Непал бо 2 хол дар зинаи охир аст. Барои баромадан ба марҳилаи финалии мусобиқа тими мунтахаби моро зарур аст, ки дар бозии даври охир дар меҳмонӣ бар дастаи Филиппин ғолиб ояд. Ин вохӯрӣ 27 марти соли оянда баргузор мешавад. скачать dle 10.2 КиноСвин