До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Беҳрӯз Хоҷазода – Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо

Беҳрӯз Хоҷазода – Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо

Варзишгари ҷавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо медали тилло ба даст овард.

Беҳрӯз Хоҷазода – Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо

Беҳрӯз дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари Белорус, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо Степан Поповро шикат дод. Ин аввалин унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар даврони шӯравӣ соли 1975 Саидмуъмин Раҳимов дар вазни -100 кг қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуда буд.

Дар чемпионати имсола, ки 10-12 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои нуқраро дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов дар вазни -58 кг ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни +100 кг сазовор шуданд. Олим Зафаршоев дар вазни -82 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Сорбон Латифов дар самбои размӣ дар вазни -62 кг соҳиб шуд.

Дар чемпионати имсола наздики 1000 варзишгар (мардону занон) аз 90 кишвар иштирок доштанд. Варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Чин, Ҳонг Конг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д Ивуар бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ширкат намуданд.

Ҷумҳурии моро дар мусобиқа 8 варзишгар намояндагӣ карданд: Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хуравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг).

Дар ҳисоби даставӣ миёни мардон Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Умуман, варзишгарони 27 давлат сазовори медалҳои чемпионати имсола гардиданд. скачать dle 10.2 КиноСвин