До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Футбол: Тими ҷавонони кишвар ба ЧО-2018 роҳхат гирифт

Футбол: Тими ҷавонони кишвар ба ЧО-2018 роҳхат гирифт

Тими ҷавонони то 19-солаи кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт.

 

Футбол: Тими ҷавонони кишвар ба ЧО-2018 роҳхат гирифт

Футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи интихобии чемпионат дар гурӯҳи "В” ҷои аввалро ишғол карданд. Онҳо шоми дирӯз дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Узбекистон пирӯз шуданд – 1:0. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. 

 

Тими ҷавонони кишвар дар гурӯҳи "В” бозиро бо дастаи ҷавонони Бангладеш – 31 октябр – мусовӣ (0:0) карда, сипас бар тимҳои ҷавонони Шри-Ланка (6:0) ва Малдив (5:0) ғалаба ба даст овард ва дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи "В” бо 10 хол ҷои аввалро ишғол намуда, ба марҳилаи финалии чемпионат, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Тими Узбекистон бо 9 хол дар мақоми дуюм, Бангладеш бо 7 хол дар ҷои сеюм, Малдив ва Шри-Ланка бо 1-холӣ дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтанд.

Аз гурӯҳҳои дигар дастаҳои мунтахаби ҷавонони зерин соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ шуданд: Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи "А”), Ироқ (гурӯҳи "С”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи "D”), Урдун (гурӯҳи "Е”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи "F”), Чин (гурӯҳи "G”), Ветнам (гурӯҳи "Н”), Ҷопон (гурӯҳи "I”), Австралия (гурӯҳи "J”). Ҳамчунин, 5 дастае, ки дар гурӯҳ натиҷаи беҳтар нишон додаанд, ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд: Ироқ (гурӯҳи «С»), Тайланд (гурӯҳи «I»), ҶХДК (гурӯҳи «J»), Тайпэйи Чин (гурӯҳи «Н») ва Малайзия (гурӯҳи «F»). скачать dle 10.2 КиноСвин