До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Самбо: 9 варзишгари тоҷик дар ЧҶ-2017 ширкат мекунанд

Самбо: 9 варзишгари тоҷик дар ЧҶ-2017 ширкат мекунанд

10-12 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия чемпионати ҷаҳон оид самбо миёни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.

Самбо: 9 варзишгари тоҷик дар ЧҶ-2017 ширкат мекунанд

Интизор меравад, ки дар чемпионати имсола наздики 1000 варзишгар (мардону занон) аз 90 кишвар иштирок менамоянд. Аз ҷумла варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Чин, Ҳонг Конг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д Ивуар бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо барои медалҳо рақобат мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хуравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг), Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг).

Барномаи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни мардон, бонувон ва самбои размӣ:

Ҷумъа, 10 ноябр

10:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотӣ: бонувон: 48, 60, 72 кг; мардон: 52, 68, 90 кг; самбои размӣ: 57, 74, 100 кг.

19:00. Маросими кушодашавӣ. Финал ва маросими ҷоизасупорӣ.

Шанбе, 11 ноябр

10:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотӣ: бонувон: 52, 64, 80 кг; мардон: 57, 74, 100 кг; самбои размӣ: 62, 82, +100 кг.

18:00. Финал ва маросими ҷоизасупорӣ.

Якшанбе, 12 ноябр

10:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотӣ: бонувон: 56, 68, +80 кг; мардон: 62, 82, +100 кг; самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

18:00. Финал ва маросими ҷоизасупорӣ. Маросими пӯшидашавии чемпионат.
скачать dle 10.2 КиноСвин