До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » “Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

“Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

Дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 (КФО), ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт, дастаи "Истиқлол”-и Душанбе аз тими "Эйр Форс”-и Ироқ бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.

“Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

Голи ягонаро дар ин дидор бозингари тими меҳмон Имод Муҳсин дар дақиқаи 68 зад.

Баъд аз бозӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуд. Клуби "Эйр Форс” бо медалҳои тилло, "Истиқлол” бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд. Ҳамлагари "Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов, ки дар вохуриҳои Ҷоми КФО-2017 ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст, беҳтарин футболбози мусобиқа дониста шуда, бо ҷоиза қадрдонӣ гардид.

“Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

Бозии финалии Ҷоми КФО-2017 дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Бозиро дар варзишгоҳ 20000 мухлис тамошо карданд. Мутахассисон бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро дар таърихи мусобиқа беҳтарин донистанд.

 

 

Ҷоми КФО-2017. Финал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эйр Форс» (Ироқ) – 0:1

Гол: Имод Муҳсин, 68.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор, Александр Стесенко, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев (Ромиш Ҷалилов, 88), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов (Амирбек Ҷурабоев, 72), Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 74).

«Эйр Форс» (Ироқ): Фаҳад Толиб, Самал Саид, Самеҳ Саид, Каррар Али Бари (Аҳмад Абдул Ридха, 90), Имод Муҳсин (Сайф Алӣ Муҳаммадавӣ, 78), Ҳамади Аҳмад, Хуман Тарек, Зоҳир Ал-Маданӣ, Алӣ Бахҷат, Себастян Антич, Халид Ал-Мбаед.

 

Огоҳӣ: Сиёвуш Асроров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Каррар Алӣ Барӣ, Зоҳир Ал-Маданӣ («Эйр Форс»).

Бозингари беҳтарин: Имод Муҳсин («Эйр Форс»).

Сардовар: Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммад (АМА).

Нозири доварон: Абдул Карим Саид Хассоунех (Урдун).

Комиссари бозӣ: Патит Супхапхонгс (Тайланд).

4 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 20 000 мухлис.

“Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

 

“Истиқлол” бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бохт

 


скачать dle 10.2 КиноСвин