До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Пхенчон барои қабули Бозиҳои олимпӣ омода аст

Пхенчон барои қабули Бозиҳои олимпӣ омода аст

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчони Корея сохтмони иншооти варзишӣ ва маишии вобаста ба бозиҳоро ба анҷом расонид.

Пхенчон барои қабули Бозиҳои олимпӣ омода аст

Дар ин бора раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо Ли Хи Бом иттилоъ додааст. "Мо мехоҳем, ки варзишгарон лаҳзаҳои беҳтарини умрашонро дар ин иншоот гузаронанд. Мо дар роҳи расидан ба ин мақсад қарор дорем. Иншоот, аз ҷумла, роҳи оҳан барои қатораи босуръат дар масири Инчон – Пхенчон барои пазироии иштирокчиёни бозиҳо омодаанд”, - гуфтааст Ли Хи Бом.

Пхенчон барои қабули Бозиҳои олимпӣ омода аст

31 октябр бошад, дар варзишгоҳи "Панатинаикос”-и Афина маросими ботантанаи супоридани машъали олимпӣ ба Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи соли 2018 сурат гирифт. Эстафетаи оташи олимпӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Корея 1 ноябр – 100 рӯз қабл аз бозиҳо шуруъ шуд. Эстафетаро 7,5 ҳазор машъалбардор аз 17 шаҳру маҳали ин кишвар, ки 2018 километрро дар бар мегирад, мегузаронанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пхенчон аз 9 то 25 феврали соли 2018 баргузор мешавад. скачать dle 10.2 КиноСвин