До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » ФУТБОЛ: Тими ҷавонони кишвар марҳилаи гурӯҳии интихобии ЧО-2018-ро бо мусовӣ оғоз кард

ФУТБОЛ: Тими ҷавонони кишвар марҳилаи гурӯҳии интихобии ЧО-2018-ро бо мусовӣ оғоз кард

Дирӯз - 31 октябр дар шаҳри Ҳисор марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон оид ба футбол дар гурӯҳи "В” оғоз шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро бо тими Бангладеш мусовӣ – 0:0 кард.

ФУТБОЛ: Тими ҷавонони кишвар марҳилаи гурӯҳии интихобии ЧО-2018-ро бо мусовӣ оғоз кард

Бозии дигари гурӯҳ миёни тимҳои Малдив ва Шри-Ланка низ мусовӣ – 2:2 поён ёфт.

Даври дуюм 2 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегардад. Соати 12:00 дастаҳои Шри-Ланка – Узбекистон ва соати 15:00 Малдив – Бангладеш ба майдон мебароянд. Бозии навбатии Тоҷикистон 4 ноябр муқобили дастаи Шри-Ланка баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки соли оянда дар Индонезия доир мегардад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд, роҳ меёбанд. скачать dle 10.2 КиноСвин