До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари ҷавони тоҷик, ки дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид, ба шаҳри Душанбе омад.

Паҳлавони ҷавонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе пайвандон, мухлисон ва масъулони соҳаи варзиш ба таври шоиста пешвоз гирифтанд.

Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Сомон дар шаҳри Иркустки Федереатсияи Руссия таҳсил ва ҳамзамон таҳти назари мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Аз ҷумла, ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 18-22 октябр дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия доир гашт, дар вазни -66 кг сазовори ҷои сеюм шуд.

Сомон марҳилаи муқаддамотӣ Ҷаслен Сайнӣ (Ҳиндустон), Исмоил Иброҳимовро (Озарбойҷон) мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд. Сипас муборизаро барои медали биринҷӣ идома дода, варзишгари испанӣ Салвадор Касес ва намояндаи Озарбойҷон Ёқуб Ҷаводовро мағлуб кард.

Сомон соли равон, ҳамчунин дар Ҷоми Африқо (моҳи апрел, Тунис) ва Ҷоми Аврупо (моҳи август, Руминия) оид ба дзюдо миёни ҷавонон медали тилло ба даст оварда буд.

Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Сомон ва аҳли оилаи ӯро ба ҳузур пазируфта, ба Сомон ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофтпулии Кумитаи миллии олимпиро тақдим намуд.

- Шумо панҷ соли охир дар Федератсияи Русия тамрин мекунед ва имкони аз номи он кишвар дар мусобиқаҳо ширкат намуданро доштед, вале Ватани худро интихоб намудед. Ин ғурур ва ҳисси миллии Шумо боиси ифтихори ҳар як варзишгари мамлакат мебошад. Ҳукумати кишвар ҳамеша хизматҳои варзишгаронро қадр менамояд ва мо дар мусобиқаҳои оянда ба шумо барои муаррифии давлату миллат муваффақиятҳои бештар таманно мекунем, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. скачать dle 10.2 КиноСвин