До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дзюдо: Темур Раҳимов дар ЧҶ-2017 медали биринҷӣ ба даст овард

Дзюдо: Темур Раҳимов дар ЧҶ-2017 медали биринҷӣ ба даст овард

Дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Дзюдо: Темур Раҳимов дар ЧҶ-2017 медали биринҷӣ ба даст овард

Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Лаҳистон), Пётр Арвай (Маҷористон), Такая Ямугушӣ (Ҷопон)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Олмон Даниел Зорн пирӯз шуд.

Ин дуюм медали варзишгарони мо дар ин мусобиқа мебошад. Тавре хабар дода будем, медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид.

Дзюдо: Темур Раҳимов дар ЧҶ-2017 медали биринҷӣ ба даст овард

8 варзишгари мо - Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок карданд.

Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард. Ҷопон, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ - ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд. Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби Руссия шуд. скачать dle 10.2 КиноСвин