До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд

Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд

Дар доираи XIX Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия аввалин Саммити байналмилалии мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд, ки то 22 октябр идома меёбад.

Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд

Чорабиниро Кумитаи байналмилалии бозиҳои "Бачаҳои Осиё” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Руссия ва Иттифоқи "Мутахассисони ҷавон” ташкил кардааст. 

Дар доираи саммит иштирокчиён андешаҳояшонро вобаста ба рушди варзиш баён карда, таҷрибаи кишварҳояшон, инчунин идеяҳои навро дар ин самт пешниҳод менамоянд. Тибқи барномаи саммит баргузории курсҳо, семинарҳо, саёҳат ба шаҳри олимпии Сочӣ, мулоқот бо варзишгарони машҳур дар назар аст.

Дар саммит намояндагони 16 давлат – Афғонистон, Баҳрайн, Бутан, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Руссия, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Фаластин, Фаронса ва Филиппин иштирок доранд. Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ва корманди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳина Муллоева намояндагӣ мекунанд.

- Варзиш инсонҳоро муттаҳид мекунад ва барои рушди инсоният саҳм мегузорад, - гуфт зимни кушодашавии саммит президенти Кумитаи байналмилалии бозиҳои "Бачаҳои Осиё” Дмитрий Глушко. – Соли 1996 дар аввалин бозиҳо (Ёқутистон) ҳамагӣ 250 варзишгар аз 6 давлат иштирок карданд. Хушбахтона аз миёни онҳо ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ба воя расиданд. Бо гузашти вақт дар Бозиҳои "Бачаҳои Осиё” беш аз 2000 варзишгар аз 36 давлат ширкат мекунанд. Бозиҳои навбатӣ соли 2020 дар Улан Батори Муғулистон ба нақша гирифта шудааст ва умед дорем, ки он дар сатҳи баланд доир мегардад.

Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд

 

Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин