До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дзюдо: ҳарифони варзишгарони мо дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон киҳоянд?

Дзюдо: ҳарифони варзишгарони мо дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон киҳоянд?

Имрӯз - 18 октябр - дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон оғоз гардид, ки дар он аз ҷумҳурии мо 10 нафар ширкат мекунанд. Рақобатҳо то 22 октябр идома меёбад.

Дзюдо: ҳарифони варзишгарони мо дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон киҳоянд?

Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг бар Катз Ҷошуа аз Австралия ғалаба кард. Рақиби навбатии Суҳроб Ҷорре Верстраген (Белгия) мебошад.

Рақобатҳо дар дигар вазнҳо рӯзҳои дигар идома меёбанд. Дар вазни -66 кг ду варзишгари тоҷик қувва меозмоянд. Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҷаслен Сайнӣ (Ҳиндустон) – Ҷошуа Грин (Ирландия) рақобат мекунад. Дар ин вазн варзишгари дигари мо Муҳаммадкарим Сарахонов бо Кристос Скоромоунис (Кипр) қувва месанҷад.

Дар вазни -73 кг Эраҷ Абдуллоев бо Одил Мирзоев (Қирғизистон) ва Хайёмиддин Ҷабборов бо Анте Галик (Босния ва Ҳерсоговина) гуштин мегиранд.

Дар вазни -81 кг рақиби варзишгари мо Ҷаҳонгир Маҷидов Алекс Ривет аз Зеландияи Нав мебошад. Дар ин вазн Раҳматуллобек Фарҳодов дар даври аввал озод аст. Ҳарифи ӯ дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Ҷеспер Слини (Нидерланд) – Сергий Кривчал (Украина) хоҳад буд.

Варзишгари дигари мо Муртазо Аминов дар вазни -90 кг бо Никола Микависа (Босния ва Ҳерсоговина) рӯи гилем мебароянд.

Дар вазни -100 кг ду варзишгари мо бо ду варзишгари Лаҳистон гуштин мегиранд: Шакармамад Мирмамадов бо Каспер Сизуровски ва Темур Раҳимов бо Доминик Мазовски.

Тибқи хабарҳои охирин дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок доранд.

скачать dle 10.2 КиноСвин