До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Футзал: Тоҷикистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт

Футзал: Тоҷикистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт.

Футзал: Тоҷикистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт

Дар бозии марҳилаи интихобии минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ футзалчиёни мо дар гурӯҳи "В” 16 октябр тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:3 мағлуб карда, пеш аз муҳлат, новобаста аз натиҷаи бозии навбатӣ, ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Марҳилаи финалии чемпионати Осиё соли оянда дар Тайпейи Чин баргузор мегардад.

Футзал: Тоҷикистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт

Бозиҳои марҳилаи интихобии минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷараён дорад.

Бозии навбатии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон имрӯз - 17 октябр бо тими мизбон – Эрон сурат мегирад.

Аз гурӯҳи "А” дастаҳои Узбекистон ва Қирғизистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё роҳ ёфтанд.

скачать dle 10.2 КиноСвин