До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Самбо: 3 медали варзишгарони тоҷик аз чемпионати ҷаҳон

Самбо: 3 медали варзишгарони тоҷик аз чемпионати ҷаҳон

13-15 октябри соли равон дар шаҳри Нови Сади Ҷумҳурии Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Самбо: 3 медали варзишгарони тоҷик аз чемпионати ҷаҳон

Медали нуқраро Сомон Сангов дар вазни 52 кило миёни наврасон ба даст овард. Медалҳои биринҷиро Умедҷон Муҳиддинов (62 кг) ва Садам Каримов (74 кг) миёни ҷавонон сазовор гаштанд.

 

Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо дар мусобиқот наздики 350 варзишгар аз 32 давлат дар 20 категорияи вазнӣ миёни наврасон (10 вазн – духтарон, 10 вазн - писарон) ва 20 категирияи вазнӣ миёни ҷавонон барои медалҳо рақобат карданд. скачать dle 10.2 КиноСвин