До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Қайиқронӣ: Шаҳриёр Даминов дар ЧО-2017 сазовори медали нуқра шуд

Қайиқронӣ: Шаҳриёр Даминов дар ЧО-2017 сазовори медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

Қайиқронӣ: Шаҳриёр Даминов дар ЧО-2017 сазовори медали нуқра шуд

Дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 нафар иштирок намуданд. Ҷои аввал насиби варзишгари Узбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардид.

Дар мусобиқа, ки 15 октябри соли равон шуруъ шуда, фардо – 18 октябр ба анҷом мерасад, варзишгарони 21 давлати қора ширкат доранд.

Ба иттилои Нодирҷон Сафаров – котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

Нурмуҳаммади Тоҳир ва Зоирҷон Набиев дар масофаи 200 метр (К-2) ва Зумрад Пирназарова низ ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтаанд. скачать dle 10.2 КиноСвин