До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дзюдо: 10 варзишгар ба ЧҶ-2017 миёни ҷавонон сафарбар гардиданд

Дзюдо: 10 варзишгар ба ЧҶ-2017 миёни ҷавонон сафарбар гардиданд

18-22 октябри соли равон дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир мегардад, ки дар он аз ҷумҳурии мо 10 нафар ширкат мекунанд.

Дзюдо: 10 варзишгар ба ЧҶ-2017 миёни ҷавонон сафарбар гардиданд

Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар чемпионат 634 варзишгар (369 мард, 265 бону) аз 87 давлати дунё сабти ном шудаанд.

Тоҷикистонро миёни мардон Суҳроб Боқиев (-60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки Раҳматуллобек Фарҳодов моҳи июли ҳамин сол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда буд. Дар чемпионати Осиё Темур Раҳимов медали нуқра, Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Эраҷ Абдуллоев сазовори медали биринҷӣ гардида буданд. скачать dle 10.2 КиноСвин