До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Қайиқронӣ: 5 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё намояндагӣ мекунанд

Қайиқронӣ: 5 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё намояндагӣ мекунанд

15-18 октябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ баргузор мегардад. Дар он варзишгарони беш аз 27 давлати қора ширкат мекунанд.

Қайиқронӣ: 5 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё намояндагӣ мекунанд

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 варзишгар сафарбар гардидаанд.

Ба иттилои Нодирҷон Сафаров – котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, кишвари моро Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

- Шаҳриёр дар қувваозмоиҳои С-1 - 1000 метр, С-2- 200 метр, 500 метр, Абдураҳмон дар қувваозмоиҳои С-1 – 200 метр, С-2 – 200 метр, 500 метр, Нурмуҳаммад дар қувваозмоиҳои К-1 – 1000 метр, К-2 – 200 метр, Зоирҷон дар қувваозмоиҳои К-1 – 200 метр, К-2 – 200 метр ва Зумрад дар қувваозмоиҳои К-1 – 200 ва 1000 метр рақобат мекунанд, - гуфт Н. Сафаров. скачать dle 10.2 КиноСвин