До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Футбол: Пирӯзии Тоҷикистон бар Непал

Футбол: Пирӯзии Тоҷикистон бар Непал

Дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

 

 

Футбол: Пирӯзии Тоҷикистон бар Непал

Голҳоро Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев ва Манучеҳр Ҷалилов заданд. Бозиро, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт, 12 ҳазор нафар мухлисӣ карданд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни Яман ва Филиппин мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Баъд аз натиҷагирии 4 давр дар гурӯҳи «F» мунтахаби Филиппин бо 8 хол пешсаф аст. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон, ки 6-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюуму сеюманд. Непал бо 1 хол дар мақоми охир ҷой гирифтааст.

Бозии навбатии тими мунтахаби Тоҷикистон 14 ноябр бо дастаи Яман доир мегардад. Барои ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳ ёфтан футболбозони моро зарур аст, ки ғалаба кунанд. скачать dle 10.2 КиноСвин