До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Комроншоҳ дар Гранд-Прии Тошканд соҳиби медали тилло шуд

Комроншоҳ дар Гранд-Прии Тошканд соҳиби медали тилло шуд

Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи "Гранд-Прии Тошканд-2017” оид ба дзюдо дар вазни -90 кило медали тилло ба даст овард.

Комроншоҳ дар Гранд-Прии Тошканд соҳиби медали тилло шуд

Дар мусобиқа 181 варзишгар (91 зан, 90 мард) аз 27 давлати ҷаҳон ширкат намуданд. Тоҷикистонро 8 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карданд.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дигар Достон Мейлиеви узбекистониро мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал Яҳё Имомов ва дар финал Дилшод Чориев – намояндагони дигари Узбекистонро мағлуб карда, сазовори ҷои аввал шуд.

7 варзишгари дигари тоҷик – Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Хаҷазода Беҳрӯз (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Акмал Муродов (-73 кг), Эмомҷон Камолов (-90) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) аз медалҳо маҳрум монданд. Натиҷаи беҳтарро Саидҷалол Саидов (ҷои панҷум) ва Суҳроб Боқиев (ҷои ҳафтум) нишон доданд. Тоҷикистон миёни 27 давлати иштирокчӣ ҷои 10-умро ишғол кард.

Ҷои аввал бо 5 медал (3 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) насиби Исроил шуд. Кишвари мизбон – Узбекистон, ки 12 медал (1-2-9) ба даст овард, ҷои дуюм ва Муғулистон (1-2-1) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Комроншоҳи Устопириён соли 2013 дар ин мусобиқа сазовори ҷои сеюм гардида буд. скачать dle 10.2 КиноСвин