До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

Имрӯз – 6 октябр – бо баргузории чорабинии тантанавӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ғолибону ҷоизадорони 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ (17-27 сентябри соли 2017. Ашқобод. Туркманистон) бо мукофотпулӣ ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

Чорабинӣ дар Муассисаи давлатии "Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин” баргузор шуд. Барои дастгирии ғолибони ҷоизадорони Бозиҳои "Ашқобод-2017” мухлисону ҳаводорони варзиш ҷамъ омада буданд.

Медалдоронро Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. "Мо аз эълон шудани бозиҳо барои иштирок дар он омодагӣ дидем. Чанд моҳ қабл аз бозиҳо бошад, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои гуногуни варзиш ба ҷамъомадҳои машқию омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати калони варзишгарону мураббиён ба Бозиҳои "Ашқобод-2017” сафарбар гардиданд. Боиси сарфарозист, ки варзишарони мо дар миёни беш аз 6000 варзишгари 63 давлати иштирокчии бозиҳо сазовори 51 медал, аз ҷумла 3 медали тилло гардиданд ва Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо ҷои 17-умро ишғол кард, - гуфт А. Абдуллозода ва афзуд – Мо бо шумо ифтихор мекунем!”.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

Сипас, ба ғолибону ҷоизадорони 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин, 5 варзишгар аз миёни ҷоизадорон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, ба Ҷомии Ҳасан (самбо) унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ба Самадова Миҷгона (кикбоксинг), Хоҷазода Беҳрӯз (самбо), Мунавваров Мубориз (самбо) ва Ибрагимов Сиёвуш (кикбоксинг) Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд. Ҳамчунин, варзишгарони ҷавону умедбахш Ҳалимзода Салимҷон (гуштини озод) бо унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиқов Разиаллоҳ (дзюдо) бо унвони Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

 

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

 

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои “Ашқобод-2017” қадрдонӣ шуданд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин