До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби Саидҷалол Саидов шуд

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби Саидҷалол Саидов шуд

5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва МИҲД дар шаҳри Ваҳдат 5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо баргузор шуд, ки дар он варзишгарони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ШМА дар вазни -90 кг рақобат карданд.

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби Саидҷалол Саидов шуд

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа мухлисон ва паҳлавононро раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо баргузории 5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо шодбош, меҳмоноро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфтанд.

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби Саидҷалол Саидов шуд

Паҳлавони номдори кишвар Саидҷалол Саидов ғолиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо гардид. Саидҷалол дар даври финалии мусобиқа паҳлавони дигари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб кард. Зинаи сеюмро Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон) ишғол намуданд.

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби Саидҷалол Саидов шуд

Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ва диплом бо маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, барои ҷои аввал ғолиб 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 16 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

 

Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо бори аввал соли 2013 дар ду вазн доир гардида буд. Дар вазни -81 кг Виталий Дудчик аз Украина ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Фарҳод Раҳимов (Тоҷикистон), ҷои сеюмро Сергей Терешенко (Балорус) сазовор шуданд. Дар вазни мутлақ бошад, Ислом Шаҳобӣ аз Миср ғалаба кард. Медали нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) гардид.

Соли 2014, дар дуюм Ҷоми Президенти Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмонов (Тоҷикистон) пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов – дзюдочии дигари тоҷик медали нуқра, Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сеюм Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо 40 варзишгар аз 13 кишвар ширкат карданд. Ҷои аввалро ин бор низ Муҳаммад Абдураҳмонов ишғол кард. Ҷои дуюм насиби Александр Ваховяк (Белорус), ҷои сеюм насиби Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Алварес (Куба) гардид.

Мусобиқа соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Дар он 45 варзишгар аз 15 давлат ширкат намуданд. Станислав Бондаренкои украинӣ соҳиби ҷом шуд. Ҷои дуюмро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои сеюмро узбекистониҳо Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев ишғол карданд.

скачать dle 10.2 КиноСвин