До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Ваҳдат доир мегардад

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Ваҳдат доир мегардад

5 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат 5-ум Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо барпо мегардад.

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Ваҳдат доир мегардад

Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи имсола беш аз 20 варзишгари Тоҷикистон ва варзишгарон аз 15 давлати дунё иштирок мекунанд.

Рақобатҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар вазни мутлақ сурат мегиранд. Барои ҷои аввал 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 16 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо бори аввал соли 2013 доир гардида буд. Дар вазни -81 кг Виталий Дудчик аз Украина ғолиб шуда буд. Ҷои дуюмро Фарҳод Раҳимов (Тоҷикистон), ҷои сеюмро Сергей Терешенко (Балорус) сазовор шуда буданд. Дар вазни мутлақ бошад, Ислом Шаҳобӣ аз Миср ғалаба карда буд. Медали нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) гардид.

5-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Ваҳдат доир мегардад

Соли 2014, дар дуюм Ҷоми Президенти Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмонов (Тоҷикистон) пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов – дзюдочии дигари тоҷик медали нуқра, Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сеюм Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо 40 варзишгар аз 13 кишвар ширкат карданд. Ҷои аввалро ин бор низ Муҳаммад Абдураҳмонов ишғол кард. Ҷои дуюм насиби Александр Ваховяк (Белорус), ҷои сеюм насиби Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Алварес (Куба) гардид.

Мусобиқа соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Дар он 45 варзишгар аз 15 давлат: Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Руссия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина, Ҷопон ва Эрон ширкат намуданд. Станислав Бондаренкои украинӣ соҳиби ҷом шуд. Ҷои дуюмро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои сеюмро узбекистониҳо Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев ишғол карданд. Ғолиб бо 56 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Барои ҷои дуюм ва сеюм 32 ва 16 ҳазаор сомонӣ тақдим гардид. скачать dle 10.2 КиноСвин