До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 расид

Ашқобод-2017: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 расид

Дар рӯзи ёздаҳуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ - шуданд.

Ашқобод-2017: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 расид

Медалҳои нуқраро дар намуди самбо Зафар Олимшоев дар вазни -82 кг ва дар намуди кикбоксинг Зуҳро Холова дар вазни -52 кг ва Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг сазовор шуданд. Се медали биринҷиро бошад, дар намуди самбо Нозимҷон Охиров дар вазни -62 кг, дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ Суҳроб Абдулҳаев дар вазни -80 кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни -98 кг ба даст оварданд.

Ашқобод-2017: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 расид

Ашқобод-2017: Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 расид

Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 адад расид – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст. Туркманистон бо 244 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал аст. Чин, ки 93 медал, аз ҷумла 40 медали тилло ба даст овардааст, дар ҷои дуюм, Эрон бо 115 медал, аз ҷумла 34 тилло дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат) сазовори медали бозиҳо гардиданд. 

скачать dle 10.2 КиноСвин