До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Имрӯз - 25 сентябр - дар рӯзи даҳуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 3 медали тилло шуданд.

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

2 медали тилло дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Акмалиддин дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови узбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Беҳрӯз дар вазни -74 кг аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Миҷгона дар вазни -60 кг, намуди "Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Варзишгарони мо имрӯз, ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, тавре гуфтем Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг-и самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг бо соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад расид – 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷои 27-ум ба ҷои 16 баромад.

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

 Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

 

 


скачать dle 10.2 КиноСвин