До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: 6 варзишгари тоҷик дар финали бозиҳо

Ашқобод-2017: 6 варзишгари тоҷик дар финали бозиҳо

Имрӯз - 25 сентябр - дар рӯзи даҳуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо рақобатро дар намудҳои самбо, кикбоксинг ва гуштини озод идома доданд.

Ашқобод-2017: 6 варзишгари тоҷик дар финали бозиҳо

Дар намуди самбо 3 варзишгари мо – Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, ки шоми имрӯз доир мегардад. Воқеан Беҳрӯз ва Мубориз бо ҳамдигар барои медали тилло талош мекунанд.

Ашқобод-2017: 6 варзишгари тоҷик дар финали бозиҳо

Дар намуди кикбоксинг бошад, миёни бонувон Миҷгона Самадова дар вазни -60 кг ва Зуҳро Холова дар вазни -52 кг ва миёни мардон Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг ба даври финалӣ баромаданд. Дар ин намуд Сиёвуш Ибрагимов дар вазни -69 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 39 адад расид – 10 нуқра ва 29 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад. скачать dle 10.2 КиноСвин