До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: 8 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо

Ашқобод-2017: 8 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо

Варзишгарони тоҷик имрӯз - 22 сентябр дар рӯзи ҳафтуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ 8 медал – 4 нуқра ва 4 биринҷӣ - ба даст оварданд.

Ашқобод-2017: 8 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо

Медалҳои нуқраро дар намуди гуштини камарбандӣ Маҳмад Миров (+100 кг), Раҷабзода Ғиёсиддин (-80 кг), Гулмаҳмадзода Беҳрӯз (-70 кг) ва Алибердизода Ибодулло (-60 кг) сазовор шуданд. Медалҳои биринҷиро дар намуди гуштини камарбандӣ Фурқатҷон Қаландаров (-100 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг) ва дар намуди Кураш Фирдавс Насимов (-100 кг) ба даст оварданд.

Ашқобод-2017: 8 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо

Дар рӯзи дуюми мусобиқоти шоҳмот, дар даври 3-юм намояндагони Тоҷикистон Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бар Танадон Кулпретанон (Тайланд) ва Надежда Антонова бар Вадима Алкалбанӣ (АМА) ғалаба карданд. Алишер Каримов бо Егенио Торре (Филиппин) ва Мутриба Ҳотамӣ бо Сароша Чуемсакул (Тайланд) бозиро мусовӣ анҷом доданд. Дар даври 4 бошад, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бо Михаил Марков (Қирғизистон) мусовӣ бозӣ кард. Каримов Алишер аз Ҷулио Саддора (Филипин) ва Надежда Антонова аз Зи Ким Во (Ветнам) мағлуб шуданд. Мутриба Ҳотамӣ бар Чанида Тависупмун (Тайланд) ғалаба кард.

Имрӯз мусобиқоти шиноварӣ оғоз гардид, ки варзишгарони мо Аниса Ҷӯраева, Анастасия Тюрина, Фарҳод Орипов ва Олим Қурбонов дар масофаи 50 метр ба таври озод иштирок намуданд.

Шоми имрӯз, дастаи баскетболи Тоҷикистон (3х3) дар охирин бозиаш дар гурӯҳи "В” аз тими Лубнон шикаст хурд. Дар ин мусобиқа миёни мардон 16 даста дар 4 гурӯҳ рақобат доранд. Тоҷикистон ду бозии аввалро бар дастаҳои Ироқ ва Туркманистон бохт.

Имрӯз, ҳамчунин Асомуддин Сангов дар вазни 85 килои мусобиқоти вазнбардорӣ ширкат намуда, дар гурӯҳи "В” ҷои 5 ва дар ҳисоби умумӣ миёни 18 иштирокчӣ ҷои 14-умро ишғол кард.

Тоҷикистон дар ҳафт рӯзи бозиҳои "Ашқобод-2017” сазовори 31 медал – 8 нуқра, 23 биринҷӣ – гардида, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дар ҷои 26 қарор дорад. Туркманистон бо 175 медал (69-51-55) дар ҷои аввал, Эрон бо 66 медал (17-14-35) дар ҷои дуюм ва Узбекистон бо 77 медал (16-19-42) дар ҷои сеюм мебошанд.

Ашқобод-2017: 8 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо

 


скачать dle 10.2 КиноСвин