До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Варзишгарони тоҷик барои медалҳо талош доранд

Ашқобод-2017: Варзишгарони тоҷик барои медалҳо талош доранд

 

Ашқобод-2017: Варзишгарони тоҷик барои медалҳо талош доранд

То нисфирӯзи имрӯз – 21 сентябр дар рӯзи шашуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуштини таеквандо WTF, вазнбардорӣ, кураш, шоҳмот иштирок карданд.

Дар намуди кураш аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Хушқадам Хусравов, Баҳодур Ҳалимов (-66 кг), Хоҷазода Беҳрӯз (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг) мусобиқаро шуруъ карданд. Хушқадам ва Беҳрӯз баъд аз дуғалабаӣ ба даври нимфинал роҳ ёфтанд, ки шоми имрӯз доир мегардад.

Дар намуди таеквандо WTF Хуррам Меҳтаршоев дар вазни -68 кг рақобат кард. Ӯ дар ҳарби аввал бар варзишгари мизбон Ҷалолиддин Ботиров пирӯз шуд, вале дар рақобати дуюм аз варзишгари Ветнам Ҳонг Лу мағлуб гашт. Таеквандочиёни кишвар мусобиқоташонро дар Бозиҳои "Ашқобод-2017” анҷом доданд. Аз миёни 5 варзишгари ширкаткунанда дар ин намуд – миёни бонувон Моҳру Ҳалимова (-73 кг) ва миёни мардон Манучеҳр Неъматов (-54 кг), Давлатмурод Каримов (-63 кг), Ҷамшед Носиров (-58 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-68 кг) – Манучеҳр сазовори медали нуқра гардид.

Имрӯз мусобиқот оид ба шоҳмот оғоз шуд. Се варзишгари мо – Мутриба Ҳотамӣ, Надежда Антонова ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев рақобатро дар намуди инфиродӣ оғоз карданд. Мусобиқот дар 7 давр то 24 сентябр идома меёбад.

Дар намуди вазнбардорӣ имрӯз дар вазни 77 кг (гурӯҳи "В”) ду варзишгари мо – Илҳомҷон Шукуров ва Рамоилҷон Забиров иштирок намуданд. Рақобатҳо дар гурӯҳи "А” шоми имрӯз баргузор ва ғолибон муайян мегарданд.

Шоми имрӯз варзишгарони мо ҳамчунин дар намуди гуштини камарбандӣ (куреши қазоқӣ) ва паҳлавонӣ иштирок мекунанд.

Ашқобод-2017: Варзишгарони тоҷик барои медалҳо талош доранд

 

Ашқобод-2017: Варзишгарони тоҷик барои медалҳо талош доранд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин