До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

 

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

Дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, маҳали баргузории 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт.

Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон хона бо нақшу нигор ва асбобу анҷоми миллӣ ороиш дода шуд. Дар як қисмати хона китобҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва туркманӣ ҷой дода шудааст. Қисматҳои дигарро куртаҳои занонаи чакан ва атлас, ҷомаҳои мардонаи зардӯзӣ, табақу қошуқи чӯбин ва асбобҳои мусиқӣ зеб медиҳанд.

Меҳмононе, ки ба бинои Тоҷикистон меоянд, аз Хонаи тоҷик дидан карда, бо урфу одати тоҷикон шинос мегарданд.

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

 

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

 

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

 

Ашқобод-2017: Дар шаҳраки олимпӣ Хонаи тоҷик таъсис ёфт

 


скачать dle 10.2 КиноСвин