До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

 

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

Дар рӯзи чоруми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, муайтай, гуштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таеквандо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳар се медалро варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг, Алибердизода Ибодулло дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг.

Варзишгари маъруфи кишвар Кристина Пронженко, ки дар намуди варзиши сабук, давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд.

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

Дар намуди таеквандо WTF варзишгари маъруфи кишвар Моҳру Ҳалимова дар вазни -73 кг миёни бонувон аз варзишгари Ҷумҳурии Корея Мина Мйонг, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор шуд, мағлуб гашт. Каримов Давлатмурод дар вазни -63 кг миёни мардон дар ду ҳарб бар варзишгарони Непал (Баҳодур Маҳара) ва Қазоқистон (Қозибек Бахтиёрулу) пирӯз шуда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Ветнам Ван Дуй Нгуйен шикаст хурд.

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

Дар намуди муайтай 3 варзишгари мо ширкат намуданд. Дар вазни -71 кг Саймуҳаммад Шарипов аз варзишгари қазоқ Намик Нефталиев ва дар вазни -81 кило Сиёвуш Забиров аз Маҷид Ҳошими эронӣ шикаст хурданд. Давлат Болтаев дар вазни -86 кг варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷеновро мағлуб карда, ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Ҳарифи Давлат дар ин давр, ки фардо доир мегардад, Шаҳез Фозили ироқӣ мебошад.

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

Тоҷикистон дар чор рӯз сазовори 14 медал, 1 нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад. Туркманистон бо 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 26 медал (7 тилло, 4 нуқра, 15 биринҷӣ) дорад, дар ҷои дуюм мебошад. Қазоқистон бо 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор дорад. Умуман варзишгарони 26 давлат то имрӯз соҳиби медал гардидаанд.

Ашқобод-2017: Дар чор рӯзи аввал Тоҷикистон 14 медал ба даст овард

 


скачать dle 10.2 КиноСвин