До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Кристина Пронженко дар финал

Ашқобод-2017: Кристина Пронженко дар финал

 

Ашқобод-2017: Кристина Пронженко дар финал

Варзишгари маъруфи кишвар Кристина Пронженко дар намуди варзиши сабук, давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромад.

Шоми имрӯз – 19 сентябр Кристина барои медали бозиҳо рақобатро идома медиҳад.

Варзишгарони мо ҳамчунин дар намудҳои таеквандо, муайтай муҳорибаро идома медиҳанд. Имрӯз дар намуди таеквондо варзигари тоҷик Каримов Давлатмурод (-63 кг) бар варзишгарони Непал Баҳодур Маҳара, Қазоқистон Казибек Бахтиёрулу ғалаба карда, ба даври ҳаштякфинал роҳ ёфт. Давлатмурод дар ин давр бо намояндаи Ветнам Ван Дуй Нгуйен ҳарб мекунад. Ҳамчунин Моҳу Ҳалимова дар вазни -73 кило миёни бонувон қувва месанҷад. Ҳарифи ӯ варзишгари Ҷумҳурии Корея Мина Мйонг мебошад.

Дар намуди муайтай дар вазни -71 кг Саймуҳаммад Шарипов бо варзишгари қазоқ Намик Нефталиев, дар вазни -81 кило Сиёвуш Забиров бо Маҷид Ҳошими эронӣ ва Давлат Болтаев дар вазни -86 кг бо Ялкапбердӣ Таҷенов ҳарб мекунанд. Сиёвуш Забиров (дар акс) 17 сентябр дар аввалин ҳарбаш ғалаба карда буд. 

скачать dle 10.2 КиноСвин