До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

 

Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

Дар доираи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Аҳмад Ал-Сабоҳ мулоқот кард.

Дар мулоқот нахуст ҷараёни иҷрои масъалаҳое, ки зимни сафари Президенти Шӯрои олимпии Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буданд, муҳокима гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи барномаҳои Шӯрои олимпии Осиё ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

- Давоми 9 моҳи охир дар шаҳри Душанбе бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 80 майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим муассир хоҳанд буд, - изҳор дошт А. Абдуллозода.

Ҷонибҳо дар сохтмони як толори варзишӣ дар шаҳри Душанбе, харидории лавозимоти варзишӣ ва нақлиёт барои варзишгарон ба тавофуқ расиданд.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Аҳмад Ал-Сабоҳ аз рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии хосаро ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш изҳор намуд.

Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

 


скачать dle 10.2 КиноСвин