До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

 

Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

Дар рӯзи сеюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик, инчунин сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гуштини анъанавӣ, тарзи классикӣ идома ёфт. Варзишгарони тоҷик Ёриев Ҳасан (-82 кг), Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг), Миров Маҳмад (+100 кг) ва Эрназаров Самандар (+100 кг) медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Узбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

Умуман то имрӯз варзишгарони 23 давлат соҳиби медалҳои бозиҳо гардидаанд. Варзишгарони 17 давлат медалҳои тиллои бозиҳоро ба даст овардаанд.

Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

 


скачать dle 10.2 КиноСвин